Дучархаронон аз 20 давлат дар Душанбе чӣ гуна рақобат карданд?
Бори нахуст дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба дучархаронии кӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои гуногуни олам ширкат варзиданд ва байни ҳам рақобат карданд. Садҳо тамошобину мухлиси варзиш дар Майдони Дӯстии маркази пойтахт, назди пайкараи Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд, то мусобиқаҳоро тамошо кунанд. Душанбе дар қатори шаҳрҳое мисли Барселона, Афина ва Сан-Паулу мизбони ин мусобиқа гардид. Маросими кушодашавӣ бо ширкати президенти Конфедератсияи Осиё оид ба велосипедронӣ – Дато Амарҷит Сингх, масъулини соҳа, меҳмонон ва варзишгарони хориҷӣ сурат гирифт. “Мо дуввумин бор дар Душанбе чунин чорабинӣ мегузаронем. Ду сол қабл Қаҳрамонии Осиёро баргузор кардем, ки замина барои Ҷоми Ҷаҳон шуд, - гуфт дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” Озодхон Давлатшоев, раиси Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон. - Аввалан барои ташвиқу тарғиби шаҳрамон, дуввум – барои нишон додани он, ки шаҳрамон барои гузаронидани чунин чорабиниҳо омода аст, чӣ гунае мебинед, варзишгарони қариб 20 давлат иштирок доранд”. Барои баргузории мусобиқа дар маркази пойтахт муҳити кӯҳӣ фароҳам оварда шуд. Варзишгарон дар ҳар гардиш, қуллапаймоӣ ва фаромадан назди ҳазорон мухлисонашон имтиҳон медоданд. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ шавад, балки зебоии шаҳри Душанбе ба тамошобинон намоиш дода шавад. Тоҷикистонро дар мусобиқа Комрон Қодиров муаррифӣ кард. Ӯ дар мусобоқоти дигари байналмилалӣ ҳам ширкат варзидааст. Қисмати ҷолиб ва шавқовари мусобиқа – намоиши маҳорати идораи дучарха аз сӯйи варзишгари фаронсавӣ ва қаҳрамони секаратаи чемпионати ҷаҳон оид ба дучархаронӣ буд. Миёни занон варзишгари украинӣ Мария Сухопалова ва миёни мардон варзишгари словенӣ Якоб Клеменчич барандаи медали тиллои мусобиқа гардиданд. Ин ду варзишагр ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба дучархаронии кӯҳӣ роҳхат гирифтанд. Бояд гуфт, ҳадафи мусобиқа оммавигардонии варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими обрӯи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Мусобиқа бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #таджикистан #asiaplus