Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон чӣ метавон омӯхт?
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона муассисаи таълими динӣ дар кишвар аст. Дар он 830 донишҷӯ дар бахши рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд. Аз ин теъдод танҳо 12 духтар мебошанд, ки онҳо ҳам дар бахши ғоибона мехонанд. Бинои нави донишкада 21-уми август кушода шуд. Бино бо сангҳои ороишӣ, ки аз Эрон оварда шудаанд зеб дода шудааст. Толорҳои асосӣ бо хаттотии оятҳои Қуръон ва нақшҳои шарқӣ ва миллӣ оро ёфтаанд. Дар инҷо ихтисосҳои забони арабӣ, таъриху дин, фиқҳ, омӯзиши Қуръон, осори хаттӣ ва информатика омӯзонида мешавад. Ҳарчанд донишкада барои 2500 ҳазор донишҷӯ ҷой дорад, вале нақшаи қабули имсолаи он 227 нафар буд. Имсол ба донишкадаи мазкур ягон духтар дохил нашудаанд. Роҳбарияти донишкада сару садоҳо дар хусуси маҳдуд кардани таҳсили духтаронро рад карда мегӯянд, худи духтарҳо ба ин донишкада кам таваҷҷуҳ доранд. Одатан пас аз хатми ин донишкада писарон мақоми рӯҳонии расмиро мегиранд ва аксаран ҳамчун имомхатиби масоҷид кор мекунанд. Инчунин хатмкардаҳои ин донишкада дар бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, иттиҳодияҳои динӣ ва мактабҳои миёна фаъолият мекунанд. ЗК: Дар инҷо 112 нафар кор мекунанд, ки 35 тани онҳо занон ҳастанд.