Ятимов: масъалаи сарҳад пурра ҳал шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд. Ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду ҷониб дастур дода шудааст, ки корҳо ҳуҷҷатгузориро ба анҷом расонанд. Вохӯрии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар имрӯз, 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон баргузор шудааст. “Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд", - омадааст дар хабар. Ҳамчунин, ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шудааст, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд. Дар бораи тавофуқ ҷузъиёт дода намешавад. Танҳо зикр шудааст, ки "суҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ" баргузор шудааст. Пурра ба охир расидани аломатгузории марз байни ду кишвар дар ҳолест, ки дар гузашта чанд маротиба мақомдорони баландпояи Қирғизистон борҳо дар бораи дар арафаи анҷомёбӣ қарор доштани аломатгузории марз гуфта буданд. Аз ҷумла, бори охир Қамчибек Тошиев моҳи октябри соли равон гуфта буд, ки "аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи анҷомёбист". Ҳамчунин, охири моҳи август Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо санаи мушаххасро зикр накард. Ҳарчанд қаблан гуфта буд, ки то моҳи марти соли 2024 баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад. Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, ҷонибҳо чандин маротиба дар хоки ҳамдигар сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҳамеша ҷузъиёти музокирот ошкор намешуд. «Я с уверенностью заявляю, что вопрос делимитации государственной границы между Таджикистаном и Кыргызстаном практически решен», - сказал Саймумин Ятимов по итогам встречи по вопросу описания границы двух стран. Он добавил, что ответственным лицам топографических и рабочих групп по правовым вопросам двух стран даны поручения завершить этот вопрос до конца. «Дальше идет вопрос юридического оформления и мы постепенно выходим на межгосударственный договор о делимитации госграницы между Таджикистаном и Кыргызстаном», - пояснил он. Камчыбек Ташиев назвал этот день «историческим моментом согласования границы». По его словам, окончательное завершение вопроса состоится в течение ближайших месяцев. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #таджикистан #asiaplus