Бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Субҳи имрӯз, 21-уми август, бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа ба истифода дода шуд. Хадамоти матбуотии раисҷумҳур менависад, ки донишкада "бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии президенти Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар..." бунёд ёфтааст. Он барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Бинои нави Донишкадаи исломӣ дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе, дар шафати масҷиди калонтарини кишвар ҷойгир аст. Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар сохта шуда, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат будааст. Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст. Бояд гуфт, ки сохтмони бони нави Донишкадаи исломӣ соли 2019 оғоз шуда буд. Қаблан гуфта мешуд, ки барои бунёди бинои нави донишкада 136 миллион сомонӣ харҷ мешавад. Тибқи ҳисоботи Маркази миллии тестӣ, имсол 210 нафар ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон дохил шудаанд. Нақшаи қабули донишкада бошад, барои имсол 227 донишҷӯ будааст Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #точикистон #asiaplus