Чигуна африқоӣ тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд
Калеб Одурои африқоӣ муррабии футбол аст. Ӯ солҳост, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва барои наврасони тоҷик ин навъи варзишро тамрин медиҳад. Ҳоло беш аз 30 шогирд дорад. Дар гузашта худаш низ дар чанд тими Тоҷикистон футбол бозӣ (ҳунарнамоӣ) кардааст. Аҳолии Тоҷикистон Калебро аз рӯи наворе шинохтанд, ки шогирдонашро замони бозии футбол бо забони буррои тоҷикӣ сарзаниш мекард, ки хуб бозӣ кунанд. Ин навор дар муддати кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ба мардум писанд омад. Ҷолиб ин буд, ки як мурабии ҷавони африқоӣ чун муррабиёни дигар бо забони англисӣ ва русӣ не, балки бо тоҷикӣ суҳбат мекард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери навораш ӯро аҳсану офаринаш гуфтанд. Калеб Одуро соли 2018 ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард. Бо як тоҷикдухтар шинос шуд ва оила барпо кард. Ҳоло як фарзанд доранд. Мегӯяд дар омӯхтани забони тоҷикӣ ҳамсараш барояш кумак кардааст. Ӯ гуфт ман фарзандамро тоҷик меҳисобам, чунки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст ва модараш тоҷик аст. Калеб мегӯяд, то имрӯз шогирдони зиёде дар риштаи футбол тарбият кардааст. Умед дорад шогирдони тарбияткардааш дар оянда номбардори Тоҷикистон мешаванд. Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #таджикистан #asiaplus #барнома #калеб #футбол #эмомали #сайидзод #репортаж #наврасон #душанбе #вахдат #каманда #заниточик