Добавить
Уведомления

Кормандони “Азия-Плюс” дар Душанбе ниҳоли сарв шинонданд

Ба маъракаи саросарии ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон аҳли кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамроҳ шуданд. Мо тасмим гирифтем дар Боғи ғалабаи пойтахт 29 бех ниҳоли сарв шинонем. Ин рақамҳо рамзианд – медиа гурӯҳи мо маҳз имрӯз 29-сола шуд. Интихоби мавзеъ низ тасодуфӣ нест. Зеро имсол аз ғалаба дар ҶБВ 80 сол сипарӣ мегардад ва Боғи ғалаба ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва хотира аз ин қаҳрамонии гузаштагон интихоб гардид. Фазои орому табиати дилфиреби ин мавзеъ бошад, воқеан илҳомбахш аст. Пештар “Азия-Плюс” дар ҷашни 26-солагии худ дар “Боғи ҷавонон” ва соли гузашта ба муносибати 28-солагӣ дар хона-музейи устод Айнӣ низ ниҳол шинонида буд. Медиа гурӯҳи мо 29-сола шуд. 2-юми апрели соли 1996 аввалин варақаи таҳлилӣ-хабарии Оҷонсии “Азия-Плюс” нашр шуд, ки минбаъд таҳкурсии ҳафтаномаи мустақил ва медиа-гурӯҳи бузургу ҳамқадами замон гардид. Шинонидани ин миқдор ниҳол чун рамзи 29 соли фаъолияти софдилонаи оҷонсӣ дар роҳи таъмини ҷомеа бо иттилои саҳеҳ, дақиқ ва беғараз буд. Ва ҳамчунин ин иқдом кори муҳим барои ҳифзи муҳити зист аст. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба роҳбарият ва кормандони Боғи ғалаба барои мусоидат ва кӯмак дар ин иқдом нек сипосгузор аст. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #таджикистан #asiaplus

12+
год назад

, чтобы оставлять комментарии