Добавить
Уведомления

Нависандае, ки насри тоҷикро дигар кард. Сорбон 85-сола шуд

Осори Сорбонро мунаққидон ҳам васф мекунанд. Сорбон - яке аз сутунҳои адабиёти муосири тоҷик 85-сола шуд. Мавсуф нависандаест, ки бо осори худ насри тоҷикро ба як зинаи нав баровард. Пажӯҳишгарон ӯро на танҳо як эҷодкор, балки ҳамчун падидаи нодири адабӣ ном мебаранд, ки бо услуби хосаш номвар шудааст. Ба муносибати мавлудаш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бошукӯҳе баргузор гардид. Ҳарчанд худи соҳибҷашн бинобар вазъи саломатиаш ҳузур надошт, муҳаббати дӯстдорони адабиёт ва эҳтироми ҳамкасбонаш дар фазои маҳфил эҳсос мешуд. Дар ин маҳфил на танҳо зиндагиномаи ӯ, балки таъсири бузурги осораш ба адабиёти муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Осори Сорбонро мунаққидон ҳам васф мекунанд. Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси маъруфи тоҷик Сорбонро на танҳо як эҷодкор, балки як падидаи нодири адабӣ мешуморад, ки бо услуби нотакрораш номвар гаштааст. Ӯ мегӯяд, ки “ҳеҷ лутфе нест ва бемуҳобо гуфта метавонем, ки Сорбон яке аз нависандагони беҳтарини адабиёти тоҷик аст”. Аз “Гап дар дил” то “Даричаи дил” Сорбон, ки аз солҳои 60-ум ба нависандагӣ оғоз карда, бо нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш – “Гап дар дил” – ба саҳнаи адабиёт ворид шуд, то имрӯз бо осори худ насри тоҷикро ба зинаи баландтаре расонидааст. Сироҷиддин Икромӣ, мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, таъкид мекунад, ки “устод Сорбон вақте ба навиштани насри реалимизми сотсиалӣ оғоз кард, ки дар ин қолаб навиштан мамнӯъ буд. Ӯ бо ҷуръати хоси эҷодӣ ва сабки худ насри моро ба марҳилаи нави адабӣ ворид кард.” Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки роҳи эҷодии Сорбон ҳамвор набуд: “Пас аз нашри аввалин романаш – “Актёр” дар солҳои 1980-ум, бо вокунишҳои сахти мунаққидон ва ҳамқаламон рӯбарӯ шуд. Имрӯз маълум шуд, ки ин роман на танҳо яке аз беҳтарин осори Сорбон, балки яке аз романҳои беҳтарини адабиёти тоҷик аст”. “Ман насри андеша менависам, бароям муҳим он аст, ки хонанда пас аз хондани осори ман ба фикр фурӯ равад”, - гуфтааст Сорбон дар яке аз мусоҳибаҳояш. Аз солҳои 60-ум ба ин сӯ роману ҳикояҳои Сорбон яке паси дигар нашр мешуданд ва ҳар кадоме бо муҳтавои амиқи худ саҳме дар огоҳии ҷомеа мегузошт. Имрӯз 12 ҷилди қуллиёти Сорбон ба табъ расида, 2 ҷилди дигараш дар дасти чоп аст. Бо вуҷуди синну сол ва мушкилоти саломатӣ, ӯ ҳанӯз аз қалам ва коғаз ҷудо нашудааст. Дар маҳфили 85-солагиаш романи нави ӯ – “Даричаи дил” рӯнамоӣ шуд, ки бозгӯйи андешаҳои тоза ва нигариши амиқи ӯ ба зиндагист. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо ишора ба романи нави Сорбон дар ҷашнвораи ӯ гуфт: “Боз кардани даричаи дили устод Сорбон осон нест. Худаш гуфтаст, ки “то ҳол кашф нашудаам”. Дуруст ҳам мегӯяд. Устод то ҳол бисёр андешаҳо дорад, ки рӯйи қоғаз наёвардааст”. Давлати пирии Сорбон Ҳарчанд солҳои ахир вазъи саломатии ӯ бад шуд, ҳатто як ҷарроҳии дилро паси сар кард, аммо ҳамоно бо қалам ва коғаз машғул аст. Бо вуҷуди солмандӣ, ӯ бо андешаҳои тоза ва нигоҳи амиқ ба зиндагӣ ҳанӯз ҳам саҳми худро ба адабиёти тоҷик мегузорад. Ҳоло Сорбон дар ҳалқаи пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Тайи солҳои ахир вазъи саломатии нависанда нохуб шуд ва ҳатто як ҷарроҳии дилро паси сар кард. Ҳанӯз сарипост ва пайваста талош дорад, ки бо андешаҳои тоза ва нигоҳе амиқ ба зиндагӣ ба адабиёт саҳм гузорад. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #таджикистан #asiaplus

12+
год назад

, чтобы оставлять комментарии