Рӯзи ид ва вақти намоз аниқ шуд
Имсол Иди Фитр рӯзи 30-юми март таҷлил мешавад. Фатворо дар ин бора, Шурои уламои Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми март, содир кард. Дар қарори Шуро омадааст, ки ба чунин хулоса дар натиҷаи “ҳисоби илмӣ" омадаанд. Вақти намози ид дар масҷидҳои ҷомеъ соати шаши субҳ таъйин шудааст. Дар Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои дигар соли чандум аст, ки Рамазон 29 рӯз давом мекунад. Ба гуфтаи уламои тоҷик, имсол моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон пайиҳам 30-рӯза буданд, моҳи Рамазон бошад 29 рӯзро дарбар гирифт. Уламо илова карданд, ки “Паёмбар (с) ҳамагӣ дар умрашон 10 сол рӯза гирифтаанд, ки 6 солаш моҳи Рамазон 29 рӯзу 4 солаш 30 рӯз будаст”. Мақомот имомхатибонро вазифадор кардаанд, ки мардумро ба расондани ёрӣ ба муҳтоҷон ва пешгирӣ аз исрофкорӣ даъват кунанд, "вале пеш аз ҳама худ намуна бошанд". Нисоби закот барои имсол 36 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст. Соҳибони ин миқдор дороӣ бояд 900 сомонӣ супоранд. Садақаи фитр ба сари ҳар кас 8 сомонӣ ва фидя барои онҳое, ки имкони рӯзадорӣ надоранд, 480 сомонӣ муқаррар гардидааст. #ид #идгардак #идирамазон #идифитр #рамазон #намоз #намаз #точикитон #asiaplus