Добавить
Уведомления

Пешгуфтори шабакаи "Афсонаҳои тоҷикӣ", #афсонаитоҷикӣ #all

Афсонаҳову сисонаҳои тоҷикӣ, аз замонҳои қадим, аз забони қиссагӯёни пиру хирадманд дар қалби шаҳрҳои бузургу таммадунофарамон, гӯшаҳои дури кӯҳистон бо абрҳо ва моҳу офтоб, аз замонҳое, ки буд набуд, будгор буд, замин набуд, шудгор буд, ҳама ҷо ва ҳар ҷое, аз қаъри асрҳо берун омада, аз дили рӯзгорони хушу ҳам нобасомон, бори таърих бар дӯш, ба даҳҳо ривоят ба рӯзҳои мо расидаанд ва ҳанӯз ҳам гӯшҳои бачаҳакҳои нозанину дӯстрӯякро навозиш ва онҳоро ба накӯкорӣ, паҳлавонӣ, хирадмандӣ ва хоксорӣ ҳидоят мекунанд. Хуш омадед ба "Афсонаҳои тоҷикӣ" –шабакаи афсонаҳои мардумӣ, тарбиявӣ ва фарҳангии тоҷикӣ барои кӯдакон ва калонсолон! Дар ин ҷо шумо афсонаҳои бостонӣ, ҳикояҳои оммавӣ, ривоятҳои ниёгон ва қаҳрамонҳои азизу шиносро ба забони ширини тоҷикӣ хоҳед ёфт. Барои кӯдакон — афсонаҳои оромкунандаи шабона, таълимӣ ва бо забони соддаи тоҷикӣ. Барои волидайн — муҳтавоест, ки бо фарҳанг ва ахлоқи миллӣ мувофиқ аст. Мо ҳар ҳафта видеои нав нашр мекунем — бо суратҳои аниматсионӣ, овозхонҳо ва мусиқии зебо. Мақсади мо: эҳё ва густариши фарҳанги шифоҳии тоҷик, ва офаридани муҳити солим барои таълиму тарбияи кӯдакон. Обуна шавед, то нахустин шуда аз афсонаҳои нав бохабар шавед! Мо бо муҳаббат барои шумо ва фарзандонатон инро месозем! Бо эҳтиром: Ҳайати эҷодии "Афсонаҳои тоҷикӣ"

12+
12 просмотров
9 месяцев назад

, чтобы оставлять комментарии