Добавить
Уведомления

Чаро тоҷиконро дар Псков куштанд?

Се ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми даст доштан ба терроризм кушта шуданд. Аммо пайвандонаш исрор меварзанд, ки қурбониён майли ифротгароӣ ва гузаштаи ҷиноӣ надоштанд. Ду ыавон яккаписару ягона ноновари хона будаанд. Мо пайгири ин қазия шудем. Мақомоти Русия рӯзи 13-уми феврал се муҳоҷири тоҷикро ба эҳтимоли ҳамлаи террористӣ ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Псков гумонбар дониста, ҳарсеро дар як хона ба қатл расониданд. Дар наворе, ки Хадамоти федеролии амниятии Русия нашр кард, як мард аз мошин фаромада, ҳам дохил ва ҳам беруни биноеро, ки гуфта мешавад, истгоҳи роҳи оҳан аст, бо телефон сабт мекунад. Дар дигар порчаи навор, зоҳиран ҳамон мард аз маркази савдое чизе мехарад. Дар давоми навор раванди ҳамлаи мақомот дида мешавад. Вале навор қатъ шуда, баъдан дар дохили бино се тани беҷон нишон дода мешавад. Аз аввал то охири навор чеҳраҳои ҳамаи гумонбарон пӯшонида шудааст. Ба қавли мақомоти Русия, “гумонбарон дар вақти амалиёт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд ва аз хонаашон силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва ҷузъҳои маводи таркандаи худсохт мусодира шудааст”. Онҳо, гӯиё, мехостаанд, ки баъди тарконидани роҳи оҳан ба яке аз кишварҳои Ховари Миёна бираванд. Ду қурбонии ин ҳодиса - Азизҷон Аъзамқулов ва Ҷовид Орипов – ҳарду зодаи шаҳри Панҷакент, яккаписар ва ягона ноновари хона будаанд. Пайвандонашон то ҳол дар мотаманд ва бовар надоранд, ки фарзандонашон ҷинояткор буданд. Қурбонии сеюми ин ҳодиса Парвиз Рустамов аст. Ӯ зодаи шаҳри Ҳисор буда, дар шаҳри Псков таксӣ мерондааст. Пайвандони ӯ нахостанд бо “Азия-Плюс” атрофи ин қазия суҳбат кунанд. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #таджикистан #asiaplus

12+
год назад

, чтобы оставлять комментарии