Куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 113-сола шудааст
Рашид Каримов 113 сол дорад. Ӯ куҳансолтарин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон аст. Барои қаҳрамониҳояш дар ҷанг ба ӯ 50 ҳазор сомонӣ доданд. Рашид Каримов то ҳол ҳаводиси ҷангро хуб дар хотир дорад. Хотираҳояшро тавре нақл мекунад, ки гӯё барояш чанд сол пеш иттифоқ афтода бошад. Ӯ дар муҳорибаҳои Сталинград, Украина, Полша, Чехословакияи пешин ва Олмон ҷангидааст. Дар ҷанг чанд маротиба захмӣ шуда, баъди муолиҷа дигарбора ба сафи артиш пайвастааст. Рашид Каримов баъди анҷоми ҷанг ба зодгоҳаш – шаҳри Ҳисор баргашта, ба ҳайси раиси хоҷагии деҳқонии “Шоҳамбарӣ” то бознишаста шудан кор кардааст. Ӯ бо ордени Шараф ва 30 ордену медали гуногун қадрдонӣ шудааст. Соҳиби 9 фарзанду 300 набераву абераю чабера аст. Ӯ мегӯяд, ки тоҷикон дар пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштанд. Марги ҳамяроқонаш дар ҷанг хотираи хеле аламоварест ва онҳоро то имрӯз фаромӯш накардааст. Дар хонаи Рашид Каримов ба ифтихори Иди Ғалаба чорабинии фарҳангӣ низ ташкил шуд. Наврасон дар бораи қаҳрамонии ӯву ҳамсафонаш дар ҶБВ сурудхонӣ карда, хотири ӯро болида карданд. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info Facebook: https://facebook.com/asiaplustj Instagram: https://instagram.com/asiaplustj #точикистон #asiaplus