Бо баланд бардоштани сарбанди НБО “Роғун” дар муҳлатҳои муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд.
Ин имконият медиҳад, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026 аз ҳисоби оби дар обанбор захирашуда истеҳсоли 250 – 400 миллион киловатт – соат барқи иловагӣ таъмин гардад, гуфт раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун».
