Бо яке аз коргарони машхури НБО «Рогун» сухбат доштем.
#точикистон #хабар #ахбор #президент #asiaplus
Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково ӯро намояндагони расмии Шӯро, Сафири Тоҷикистон дар Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҳошияи ҷаласаҳо Рустам Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия, ки дар рушду тавсеаи мунтазами онҳо талошҳои муштараки Сарони ду давлат нақши калидӣ доранд, баррасӣ гардид.
Пас аз он Рустам Эмомалӣ дар Ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ ӯ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
